Консерти устодони санъати Русия дар Душанбе



Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе консерти устодони санъати Русия доир мегардад.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо мусоидати Вазорати фарҳанги Русия ва Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ барпо мегардад.

Аз Вазорати фарҳанги ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки барномаи консертии мазкур дар Тоҷикистон дар доираи амалисозии Барномаи байнидавлатии «Кӯлоб – пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2015» созмон дода шудааст.

Дар ин консерт артистони Театри давлатии академии ба номи Моссовет, Ҳунарманди халқии Русия Александр Голобородко ансамбли вокалии Маркази давлатии мусиқии телевизиону радиои Русия «Хорошие девчата», ҷоизадорони озмунҳои умумирусиягӣ ва байнулмилалӣ Мария Легусова, Виктория Сердюк, Людмила Рекида, Анна Небученкова, дуэти баяннавозон Сергей Алексеев ва Андрей Секерин ҳунарнамоӣ мекунанд. Барандаи консерт Ҳунарманди шоистаи Русия Галина Власёнок аст.

spot_imgspot_img

Популярное