Изҳороти ВКХ Тоҷикистон оид ба ташаннуҷи муносибатҳо миёни Русия ва Туркия

Ҷониби Тоҷикистон ҳодисаи ногувори марбут ба сарозер кардани ҳавопаймои ҳарбии Русияро дар санаи 24 ноябри соли 2015, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ иштирок мекард, бо андӯҳ қабул намуда, ба хешовандону наздикони хизматчиёни ҳарбии ҳалокшуда изҳори тасаллият менамояд. Дар изҳороти интишоршудаи ВКХ Тоҷикистон дар сомонаи АМИТ «Ховар» қайд мешавад, ки «мо дар шароити муосир мавҷудияти ҳамраъйӣ, ваҳдат […]

ASIA-Plus



Ҷониби Тоҷикистон ҳодисаи ногувори марбут ба сарозер кардани ҳавопаймои ҳарбии Русияро дар санаи 24 ноябри соли 2015, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ иштирок мекард, бо андӯҳ қабул намуда, ба хешовандону наздикони хизматчиёни ҳарбии ҳалокшуда изҳори тасаллият менамояд.

Дар изҳороти интишоршудаи ВКХ Тоҷикистон дар сомонаи АМИТ «Ховар» қайд мешавад, ки «мо дар шароити муосир мавҷудияти ҳамраъйӣ, ваҳдат ва дастгирии мутақобиларо дар мубориза бо терроризм дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷавоби маҷмӯӣ ба душмани муштараки мо-терроризми ҷаҳониро муҳим мешуморем. Дар ин росто, маъракаи зидитеррористии гузаронидаи Русия ҷойгоҳи муҳимро касб мекунад».

«Ҳамчун ҷонибдори муътақид ба амалиёти якҷояи ҷомеаи байналмилалӣ дар мубориза бар зидди терроризм, Тоҷикистон умедвор аст, ки ҳодисаи рухдодаи сарозер шудани ҳавопаймои Федератсияи Русия холисона арзёбӣ шуда, ба муташанниҷ нашудани вазъ ва ба эътидол омадани муносибати тезутундшудаи Русия ва Туркия мусоидат мекуна», – омадааст дар изҳорот. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.