Ояндаи наздик пояи сутун бо нишони Ҷумҳурии Шӯравии Состиалистӣ (ҶШС)-и Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе (майдони В.И.Ленин дар замони шӯравӣ), ки ба муносибати 20-солагии ҶШС Тоҷикистон қомат афрохта буд, кӯчонида мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, пояи сутун шабона кӯчонида мешавад, то ки ба ҳаракати нақлиёт дар маркази шаҳр халал эҷод нагардад.
Ба гуфтаи ӯ, кӯчонидани пояи сутуни мазкур дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе сурат гирифта, дар ҷойи он майдончаи гулзор бунёд мешавад.
Зимнан зикр гардид, ки пояи сутун ҳамчунин мероси замони шӯравӣ ба ихтмиёри Фонди адабии Тоҷикистон супорида мешавад.
Қаблан як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуда буд, ки моҳи августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пояи сутун бо нишони давлатии Тоҷикистон бунёд гардид ва аз нигоҳи меъморӣ, дар як майдон воқеъ будани ду нишон зарурат надорад.
Ёдрас мекунем, ки баландии пояи сутуни нав бо нишони давлатии Тоҷикистон 45 метр буда, паҳнои он 5 метр аст.



