Ташрифи шоҳзода Амин Оғо Хон ба Душанбе



Шоҳзода Амин Оғо Хон, бародари волоҳазрат Оғо Хон рӯзи 29 ноябр ба сафари кории якрӯза ба Душанбе ташриф овард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Бунёди Оғо Хон оид ба рушд хабар доданд.

Бунёди мазкур агентиҳои ҷудогонаро муттаҳид месозад, ки аз рӯи самтҳои гуногун, шурӯъ аз рушди иқтисодӣ, маориф ва рушди деҳот ва то эҳёи фарҳангӣ, бахши тандурустӣ ва хизматгузориҳои молиявӣ фаъолият мекунанд.

Фаъолияти ин агентиҳо ба ноил гардидан ба ҳадафҳои умумӣ – таъсиси ниҳод ва роҳандозии барномаҳое, ки ба мушкилоти замони муосир вокуниш нишон дода тавонанд ва истифодаи имконоти мавҷудаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

АКДН аз соли 1992 дар Тоҷикистон фаъолият дошта, дар кор бо ҷамоатҳои манотиқи кӯҳистон таҷрибаи зиёд дорад. Айни замон ин созмон дар ҳамаи вилоятҳову ноҳияҳои ҷумҳурӣ намояндагиҳои худро боз намуда, тариқи барномаҳои сармоягузории худ беш аз 3500 нафарро бо ҷойҳои корӣ таъмин кардааст.

spot_imgspot_img

Популярное