Ташрифи шоҳзода Амин Оғо Хон ба Душанбе

Шоҳзода Амин Оғо Хон, бародари волоҳазрат Оғо Хон рӯзи 29 ноябр ба сафари кории якрӯза ба Душанбе ташриф овард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Бунёди Оғо Хон оид ба рушд хабар доданд. Бунёди мазкур агентиҳои ҷудогонаро муттаҳид месозад, ки аз рӯи самтҳои гуногун, шурӯъ аз рушди иқтисодӣ, маориф ва рушди деҳот ва то эҳёи […]

ASIA-Plus



Шоҳзода Амин Оғо Хон, бародари волоҳазрат Оғо Хон рӯзи 29 ноябр ба сафари кории якрӯза ба Душанбе ташриф овард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Бунёди Оғо Хон оид ба рушд хабар доданд.

Бунёди мазкур агентиҳои ҷудогонаро муттаҳид месозад, ки аз рӯи самтҳои гуногун, шурӯъ аз рушди иқтисодӣ, маориф ва рушди деҳот ва то эҳёи фарҳангӣ, бахши тандурустӣ ва хизматгузориҳои молиявӣ фаъолият мекунанд.

Фаъолияти ин агентиҳо ба ноил гардидан ба ҳадафҳои умумӣ – таъсиси ниҳод ва роҳандозии барномаҳое, ки ба мушкилоти замони муосир вокуниш нишон дода тавонанд ва истифодаи имконоти мавҷудаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

АКДН аз соли 1992 дар Тоҷикистон фаъолият дошта, дар кор бо ҷамоатҳои манотиқи кӯҳистон таҷрибаи зиёд дорад. Айни замон ин созмон дар ҳамаи вилоятҳову ноҳияҳои ҷумҳурӣ намояндагиҳои худро боз намуда, тариқи барномаҳои сармоягузории худ беш аз 3500 нафарро бо ҷойҳои корӣ таъмин кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.