Қурби доллар дар Душанбе аз 7,60 сомонӣ зиёд шуд

Қурби доллари амрикоӣ дар бозори асъори нақди Тоҷикистон субҳи имрӯаз аз 7 сомониву 60 дирам зиёд шуд. Аз нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон онҳо доллари амрикоиро 7 сомониву 50-60 (барои 1 $) харида, долларро қариб умуман намефурӯшанд. Дар овезаҳои нуқтаҳои мубодилаи асъор бошад, рақамҳои 6,72-6,74 сомонӣ […]



Қурби доллари амрикоӣ дар бозори асъори нақди Тоҷикистон субҳи имрӯаз аз 7 сомониву 60 дирам зиёд шуд.

Аз нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон онҳо доллари амрикоиро 7 сомониву 50-60 (барои 1 $) харида, долларро қариб умуман намефурӯшанд. Дар овезаҳои нуқтаҳои мубодилаи асъор бошад, рақамҳои 6,72-6,74 сомонӣ (қурби хариду фурӯши доллар) дарҷ шудааст.

Дар ҳамин ҳамин ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қурби расмии доллари ИМА-ро санаи 30 ноябр дар сатҳи 6,72 сомонӣ муқаррар кардааст.

Қобили зикр аст, ки ахири моҳи октябр Бонки миллии Тоҷикистон 

тартиби нави муқаррар кардани 

қурби хариду фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори дохилиро роҳандозӣ намуд. То ин замон қурби нақдии доллари амрикоӣ аз ҷониби Бонки миллӣ муқаррар карда мешуд.

Дар шарҳи интишоршуда дар сомонаи расмии БМТ дар ин робита қайд шуда буд, ки аз ҷониби БМТ Тоҷикистон муайян кардани қурби хариду фурӯши долл. нақди ИМА дар даврае зарур шуда буд, ки нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеъӣ аз ноустувории бозор ва қурби асъор суистифода карда, бо мақсади ҳар чӣ зиёдтар ба даст овардани фоида, беасос қурби фурӯши долл. нақди ИМА-ро баланд мебардоштанд.

«Айни замон, вазъи бозори дохилӣ устувор буда, тағйирёбии қурб муътадил арзёбӣ мешавад. Гузариш ба тартиби нави муқаррарсозии қурб тадриҷан сурат гирифта, ташкилотҳои қарзӣ бо назардошти тағйирёбии қурби расмии сомонӣ нисбати долл. ИМА, бояд қурби хариду фурӯши нақдии онро мустақилона барои муассисаҳои худ муайян намоянд. Вобаста бар ин, ташкилотҳои қарзӣ метавонанд мустақилона қурби фурӯши долл. нақди ИМА-ро аз қурби расмӣ то ба андозаи 1,5 (якуним) фоиз муқаррар кунанд», – баён гардида буд дар маълумоти БМТ.

Зимнан таъкид шуда буд, ки ҳадаф аз ҷорӣ кардани механизми нави муқаррарсозии қурби асъори нақдӣ, пеш аз ҳама, кам кардани фарқияти байни қурбҳо, пешгирӣ кардани фарқияти назарраси даромади амалиётҳои ҳаннотӣ, ба танзим даровардану таъмини шафофияти фаъолияти мубодилавии муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ ва тадриҷан гузаштан ба низоми қурби ягонаи мубодилавӣ мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.