Семинари омӯзишии ФАО оид ба масъалаҳои СУС

Семинар – омӯзиш оид ба масъалаҳои  Созмони Умумиҷаҳони Савдо (СУС), ки имрӯз дар Душанбе баргузор мегардад, барои дарки боз ҳам бештар ва татбиқи  дастурҳои бисёрҷонибаи савдо дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳамчунин ӯҳдадориҳои савдо бо маҳсулотҳои кишоварзӣ, ки аз ҷониби мамлакат барои аъзо шудан дар СУС қабул шудаанд, мусоидат хоҳад кард. Тавре аз намояндагиии Ташкилоти озуқа […]



Семинар – омӯзиш оид ба масъалаҳои  Созмони Умумиҷаҳони Савдо (СУС), ки имрӯз дар Душанбе баргузор мегардад, барои дарки боз ҳам бештар ва татбиқи  дастурҳои бисёрҷонибаи савдо дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳамчунин ӯҳдадориҳои савдо бо маҳсулотҳои кишоварзӣ, ки аз ҷониби мамлакат барои аъзо шудан дар СУС қабул шудаанд, мусоидат хоҳад кард.

Тавре аз намояндагиии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) дар ҶТ иттилоъ доданд, дар ин ҷамъомад намояндагони вазоратҳо ва идораҳои масъул, ташкилотҳои давлатии санитарӣ ва  фитосанитарӣ, институтҳои илмию – тадқиқотӣ, ки барои татбиқи сиёсати савдо ва кишоварзӣ мутасаддӣ шудаанд, ва ҳамчунин намояндагони бахши хусусӣ дар соҳаи агросаноатӣ ширкат меварзанд.

«Умедворем, ки семинари мазкур барои баҳси шароитҳои гузаронидани ислоҳот дар савдо ва чораҳои дастгирие, ки барои  аъзогӣ дар СУС барои мамлакат имтиёзҳои бештарро дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва бехатарии амнияти озуқаворӣ  фароҳам меорад», – гуфт Виорел Гутсу, Намояндаи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Интизор меравад, ки баъд аз анҷоми семинар иштирокчиёни он шартномаҳои СУС ва ӯҳдадориҳои махсуси мамлакатро дар соҳаи кишоварзӣ беҳтар дарк намуда, аз онҳо мунтазам истифода хоҳанд бурд. Иштирокчиён  ба таҳқиқи масъалаҳои инконпазир ва имкониятҳои соҳаи кишоварзӣ, ки баъд аз аъзо шудан ба СУС ба вуҷуд меоянд,  қодир мешаванд. Онҳо масъалаҳои татбиқ ва беҳтар намудани қоидаҳое, ки системаи  санитарӣ ва  фитосанитариро, ва ҳамчунин сиёсати кишоварзиро танзим мекунанд, аз худ менамоянд.


Маълумоти иловагӣ:

2-уми марти соли 2013-ум Ҷумҳурии Тоҷикистон  аъзои  159 – уми Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид. Аъзогӣ дар ин созмон барои мамлакат имкониятҳои васеи ширкат дар савдои кишоварзии ҷаҳонӣ фароҳам меорад, вале фақат ба он шарте, ки таъғири иқтисодиёт ва ислоҳоти институсионалии гузаронидашаванда барои баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот ва хизматрасонии ватанӣ мусоидат намоянд.

Дарк ва истифода бурдани муқаррароти Созишномаҳои СУС оиди кишоварзӣ, Шартнома оид ба  истифодаи чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ ва шартномаҳои дигари дахлдори СУС ин қадами аввали гузариш ба қоидаҳои ҷадиди савдо мебошад. Вале барои истифодабарӣ аз имкониятҳои СУС зарур аст, ки   қоидаҳои танзими савдои озуқаворӣ беҳтар кунонида шаванд ва чораҳои иловагӣ барои беҳбудии рақобатпазирии соҳаи кишоварзӣ  андешида шаванд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.