Кумаки тоҷикони ИМА ба волидони кӯдаки ниёзманд ба ҷарроҳӣ

Аъзои диаспораи тоҷикон дар ИМА – Tajik Community In USA ба ду оила аз Тоҷикистон, ки фарзандонашон ба ҷарроҳии таъҷилӣ ниёз доштанд, кумак карданд. Дар бораи яке аз оилаҳо – оилаи Ҳафизовҳо аз ноҳияи Ҳисор дар «Азия-Плюс» мавод ба нашр расида буд. Фарзанди ин оила – Муҳамммадҷон Ҳафизов ба ҷарроҳии таъҷилӣ эҳтиёҷ дорад, ки барои […]



Аъзои диаспораи тоҷикон дар ИМА – Tajik Community In USA ба ду оила аз Тоҷикистон, ки фарзандонашон ба ҷарроҳии таъҷилӣ ниёз доштанд, кумак карданд.

Дар бораи яке аз оилаҳо – оилаи Ҳафизовҳо аз ноҳияи Ҳисор дар «Азия-Плюс» мавод ба нашр расида буд. Фарзанди ин оила – Муҳамммадҷон Ҳафизов ба ҷарроҳии таъҷилӣ эҳтиёҷ дорад, ки барои ин 4 ҳазор доллари ИМА маблағ зарур аст. Маълумоти муфассалро

бо ин суроға

дарёфт карда метавонед.

Дар бораи оилаи Эмомиддин Холов ҳамкорон аз хабаргузории «Озодагон» навишта буданд. Ба Эмомиддини 21-сола таъҷилан иваз кардани гурдаҳояш зарур аст. Ҷавон 3 моҳ дар сафҳои артиш хизмат карда, дар ҳолати вазнин ба бемористон бистарӣ шуд ва бо ин сабаб ӯро аз хизмат ҷавоб доданд. Барои амалиёти ҷарроҳии ӯ ҳудуди 10 ҳазор доллари ИМА маблағ зарур аст. Маълумоти муфассалро

бо ин суроға

дарёфт карда метавонед.

Намояндаи диаспораи тоҷикон дар ИМА Далер Назаров дар идораи хабаргузории «Азия-Плюс» ба ҳар кадоме аз ин ду оила 1 ҳазор доллари ИМА маблағ супурд.

Муассиси

диаспора дар ИМА

Аскаралӣ Саидов қайд кард, ки дар ҷамъоварии кумак ба оилаҳои Ҳафизовҳо ва Холовҳо роҳбари кунунии Tajik Community In USA Исмоил Шарипов фаъолона саҳм гузоштааст.

Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» аз номи худ ва хешону наздикони оилаҳои Муҳаммадҷон ва Эмомиддин ба ҳамаи ҳамватанони айни замон муқими ИМА, ки ба ин мушкилот расидагӣ карданд, самимона миннатдорӣ изҳор менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.