Пешниҳоди якумра президент эълон кардани Эмомалӣ Раҳмон

Арбоби сиёсӣ ва давлатии солҳои 80-90-уми асри гузаштаи Тоҷикистон Ҳикматулло Насриддинов пешниҳод дорад, ки Эмомалӣ Раҳмон президенти якумраи Тоҷикистон эълон карда шавад. Ба андешаи Насриддинов, ин пешниҳодро метавон ба лоиҳаи қонун «Дар бораи асосгузории сулҳ ва созиш – пешвои миллат» ворид намуд, ки аз ҷониби як гурӯҳи вакилони парлумон таҳия шудааст. Сиёсатмадор муътақид аст, ки […]



Арбоби сиёсӣ ва давлатии солҳои 80-90-уми асри гузаштаи Тоҷикистон Ҳикматулло Насриддинов пешниҳод дорад, ки Эмомалӣ Раҳмон президенти якумраи Тоҷикистон эълон карда шавад.

Ба андешаи Насриддинов, ин пешниҳодро метавон ба лоиҳаи қонун «Дар бораи асосгузории сулҳ ва созиш – пешвои миллат» ворид намуд, ки аз ҷониби як гурӯҳи вакилони парлумон таҳия шудааст.

Сиёсатмадор муътақид аст, ки имрӯз ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадор ва сарвари давлат ҳеҷ алтернативаи дигари шоистаро дарёфт наметавон кард. «Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон аз расмиёти баргузориии маъракаи президентӣ раҳоӣ ёфта, воситаҳои пешбинишуда барои баргузории интихоботро сарфа месозад», – мегӯяд Насриддинов.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи сентябр Ҳикматулло Насриддинов ҳайкал гузоштан ба президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ва такроран ба ӯ додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро пешниҳод карда буд.

Ба андешаи сиёсатмадор, Эмомалӣ Раҳмон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба кишвар хатари парокандагӣ ва аз байн рафтан дар харитаи сиёсии ҷаҳон таҳдид мекард, раҳбарии Тоҷикистонро ба дӯш гирифт.

«Тирамоҳи соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ман ҳамчун вакил мушоҳида кардам, ки бисёре аз сиёсатмадорони ботаҷрибаи он замон раҳбарии кишварро ба дӯш гирифтан намехостанд ва Эмомалӣ Раҳмон барои ба дӯш гирифтани ин вазифаи пурмасъулият розӣ шуд ва изҳор дошт, ки «ман ба Тоҷикистон сулҳу созиш меорам», – гуфта буд дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Ҳ. Насриддинов.

Номбурда бовар дорад, ки имрӯз ҳеҷ касе хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар болоравии нуфузи Тоҷикистон, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва ҳалли мушкилоти сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавиро инкор карда наметавонад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.