Номгузории ғайритоҷикии тифлон манъ мешавад

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба омӯзиши тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» шурӯъ намуд. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов дар ин робита иттилоъ дод, ки тағйироту илова ба қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи қонунгузории муосир ва уҳдадориҳои байналмилалии […]

ASIA-Plus



Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба омӯзиши тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» шурӯъ намуд.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов дар ин робита иттилоъ дод, ки тағйироту илова ба қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи қонунгузории муосир ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бурдани баъзе номутобиқатиҳои дохилӣ, инчунин ба танзим даровардани номгузории ба пояҳои таърихӣ ва фарҳангии миллии тоҷикӣ асосёфта ва худдорӣ намудан аз номгузории бегона бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи тағйироту иловаҳо, ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешавад, ки тифлони худро мутобиқи меъёрҳои фарҳанги миллии мардуми тоҷик номгузорӣ кунанд.

Аз шарҳу тавзеҳоти минбаъда дар робита ба ин масъала манбаъ худдорӣ варзида, изҳор намуд, ки палатаи поёнии палатаи парлумон ҳоло аз 30 ноябр ба омӯзиши ин масъала оғоз кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.