Машваратҳои нахустини Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон



Рӯзҳои 17-18 декабр бори нахуст дар Душанбе миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон машваратҳои дуҷониба баргузор мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ миёни Тошканду Душанбе ягон маротиба ба ин монанд машваратҳо гузаронида нашудаанд. Ҳайатҳои ҷонибҳоро дар машваратҳо муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳо роҳбарӣ мекунанд.

Зимни машваратҳои дуҷониба масоили муҳиму рӯзмарраи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ хоҳанд шуд. «Ба масъалаҳои рушди муносибатҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва нақлиёту коммуникатсия таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ҷонибҳо ҳамчунин атрофи мушкилоти глобалии минтақа, паҳнои ИДМ, вазъ дар Шарқи Наздик ва Афғонистон низ табодули назар мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное