Тирпарронии навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Дар ҷараёни анҷоми амалиёт тибқи маълумоти расидаи фаврӣ-иктишофӣ, қарибиҳои субҳи рӯзи 29 ноябр дар яке аз қитъаҳои дастаи марзбонии Панҷ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон гурӯҳи сарҳадбонони тоҷик аз кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон аз самти Афғонистон пешгирӣ намуданд. Котиби матбуотии Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки […]

ASIA-Plus



Дар ҷараёни анҷоми амалиёт тибқи маълумоти расидаи фаврӣ-иктишофӣ, қарибиҳои субҳи рӯзи 29 ноябр дар яке аз қитъаҳои дастаи марзбонии Панҷ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон гурӯҳи сарҳадбонони тоҷик аз кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон аз самти Афғонистон пешгирӣ намуданд.

Котиби матбуотии Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки гурӯҳи қочоқбарони афғон таҳти роҳбарии Малук валади Мулло Анвар ба марзбонон муқовимати мусаллаҳона нишон дода, ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурдаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар макони ҳодиса 20 кило маводи мухаддири навъи афюн, 6 кило ҳашиш ва як адад автомати Калашников дарёфт шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон ба тафтиш оғоз намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.