Боздиди сафири Кувайт аз парлумони Тоҷикистон



Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷиистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз сафири Давлати Кувайт дар Тоҷикистон Наваф  Абдулазиз Аленезӣ ва ҳамроҳони ӯро баҳузур пазируфт.

Бино ба

иттилои

сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот муҳимтарин масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз ҷумла тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ, парлумонӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илму маориф баҳсу баррасӣ шуданд.

Ш.Зуҳуров дар оғози мулоқот сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъин шуданаш табрик намуда, ба ӯ ва ҳайати кормандони сафорати ин кишвар дар ҷумҳурии мо барори кору муваффақият орзу намуд ва изҳори итминон кард, ки дипломати соҳибтаҷриба дар таҳкими робитаҳои дуҷониба саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт 11 Созишномаи фарогири самтҳои гуногун  ба имзо расида, барои пешбурду ривоҷи ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни кишварҳо тамоми асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст ва вақти он расидааст, ки барои амали созии ин пояи қарордодӣ иқдомоти ҷиддӣ сурат гирад.

spot_imgspot_img

Популярное