Истирдоди тоҷики барои қаллобӣ мавриди ҷустуҷӯ қарордошта аз Русия



Шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои содир намудани амали қаллобӣ зимни хариду фурӯши манзил мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт, аз Русия ба ватан истирдод шуд.

Бино ба иттилои

прокуратураи шаҳри Маскав

,шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон Мирзоалӣ Аҳмадалиев аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шудаааст, ки аз соли 2013 барои содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноии ҶТ (қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвараш мавриди пайгард қарор дошт.

Ба иттилои манбаъ, дар ватан Аҳмадалиев ба он айбдор карда мешавад, ки аз як шаҳрванд бо ваъдаи машғул шудан ба соҳибкорӣ манзили ӯро бо арзиши 42 ҳазор доллари ИМА харида, маблағро ба ӯ намедиҳад ва баъдан ин хонаро дубора фурӯхта, пулҳоро азхуд мекунад.

Гуфта мешавад, Аҳмадалиевро моҳи январи соли 2015 кормандони мақомоти пулиси шаҳри Маскав боздошт мекунанд. «Аз рӯи натиҷаҳои санҷиши мақомоти прокуратураи шаҳри Маскав, Прокуратураи генералии Русия дар бораи ба ихтиёри Тоҷикистон супардани ӯ қарор қабул кард», – иттилоъ медиҳад манбаъ.

spot_imgspot_img

Популярное