Истирдоди тоҷики барои қаллобӣ мавриди ҷустуҷӯ қарордошта аз Русия

Шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои содир намудани амали қаллобӣ зимни хариду фурӯши манзил мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт, аз Русия ба ватан истирдод шуд. Бино ба иттилои прокуратураи шаҳри Маскав ,шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон Мирзоалӣ Аҳмадалиев аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шудаааст, ки аз соли 2013 барои содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноии ҶТ (қаллобӣ дар […]

ASIA-Plus



Шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои содир намудани амали қаллобӣ зимни хариду фурӯши манзил мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт, аз Русия ба ватан истирдод шуд.

Бино ба иттилои

прокуратураи шаҳри Маскав

,шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон Мирзоалӣ Аҳмадалиев аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шудаааст, ки аз соли 2013 барои содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноии ҶТ (қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвараш мавриди пайгард қарор дошт.

Ба иттилои манбаъ, дар ватан Аҳмадалиев ба он айбдор карда мешавад, ки аз як шаҳрванд бо ваъдаи машғул шудан ба соҳибкорӣ манзили ӯро бо арзиши 42 ҳазор доллари ИМА харида, маблағро ба ӯ намедиҳад ва баъдан ин хонаро дубора фурӯхта, пулҳоро азхуд мекунад.

Гуфта мешавад, Аҳмадалиевро моҳи январи соли 2015 кормандони мақомоти пулиси шаҳри Маскав боздошт мекунанд. «Аз рӯи натиҷаҳои санҷиши мақомоти прокуратураи шаҳри Маскав, Прокуратураи генералии Русия дар бораи ба ихтиёри Тоҷикистон супардани ӯ қарор қабул кард», – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.