Иштироки тоҷикдухтар дар озмуни «Маликаи Осиё – Сибир 2015»

Дар шаҳри Красноярски Русия санаи 6 декабр таҳти унвони ««Маликаи Осиё – Сибир 2015» (Мисс Азия — Сибирь 2015) озмуни зебоӣ доир мегардад. Дар сомонаи газетаи интернетии Newslab.ru овоздиҳӣ сурат гирифта, аз рӯи натиҷаҳои он яке аз духтарон ба унвони «Маликаи овоздиҳии онлайн» соҳиб мешавад. Дар кастинг 15 нафар иштирокчиён аз Русия, Бошқирдистон, Тотористон, Тува, Хакасия, […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Красноярски Русия санаи 6 декабр таҳти унвони ««Маликаи Осиё – Сибир 2015» (Мисс Азия — Сибирь 2015) озмуни зебоӣ доир мегардад. Дар сомонаи газетаи интернетии Newslab.ru овоздиҳӣ сурат гирифта, аз рӯи натиҷаҳои он яке аз духтарон ба унвони «Маликаи овоздиҳии онлайн» соҳиб мешавад.

Дар кастинг 15 нафар иштирокчиён аз Русия, Бошқирдистон, Тотористон, Тува, Хакасия, Якутия, Қирғизистон, Тоҷикистон, Лаҳистон (Полша) ва Украина интихоб шудаанд. Тоҷикистонро дар озмуни мазкур Сайёра Мунаввароваи 20-сола намояндагӣ мекунад, ки муқими шаҳри Красноярск аст.

Сайёра дар бораи худ навиштааст: «Зиндагиро дӯст дошта, онро тавре ки вуҷуд дорад, мепазирам. Ҳамаи амалҳои неку мусбат ва беҳбудиро ба зиндагии худу дӯстонам ва наздиконам ворид карданиам. Хушбахтии бузург барои зан ва оиларо орзу дорам. Ин арзиши аслист. Пул ва комёбӣ он вақте насибат мешавад, ки агар хушбахт бошӣ!».

Барои дастгирии ҳамдиёри худ ба суроғаи

http://newslab.ru/Contest/MissAsia2015/photo/688673

ворид шуда, ба ҷонибдории ӯ овоз дода метавонед.


 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.