БМТ ба муҷозоти ҳаннотони бозори асъор идома медиҳад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои даст задан ба амалҳои ҳаннотӣ ва дағалона вайрон кардани талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонк ин дафъа нисбати бисту ду нафар кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳи қарзӣ, ки ба ноустувор шудани вазъи бозори дохилии асъор сабабгор шудаанд, чораҳои ислоҳӣ ва таъсиррасониро татбиқ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар натиҷаи […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои даст задан ба амалҳои ҳаннотӣ ва дағалона вайрон кардани талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонк ин дафъа нисбати бисту ду нафар кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳи қарзӣ, ки ба ноустувор шудани вазъи бозори дохилии асъор сабабгор шудаанд, чораҳои ислоҳӣ ва таъсиррасониро татбиқ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои Гуруҳи фаврии муштараки Бонк ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ оид ба назорат ва танзими бозори асъор, дар фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ҶСП “Тоҷпромбонк”, ҶСК “Соҳибкорбонк” ва ТАКХ “Васлат” ҳолатҳои вайрон кардани талаботҳои қонунгузорӣ оид ба мубодилаи асъори хориҷӣ, аз қабили камомаду бешомади маблағҳои пулӣ, мавҷуд набудани дафтари сабти хариду фурӯши асъор, худсарона муайян намудани қурби асъор, набудани китоби бақайдгирии санҷишҳои саридораи бонк, ҷой доштани фарқ байни қурбнома ва фармоиши саридораи бонк ошкор карда шуданд.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин, БМТ ба ташкилотҳои қарзӣ тавсия дод, ки то дастрас намудани дастури иловагӣ кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъореро, ки ба вайрон кардани талаботи қонун роҳ додаанд, ба кор қабул накунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар робита ба ҳолатҳои ошкоршуда дар нуқтаҳои мубодилаи асъорҳои ташкилотҳои қарзӣ, Бонки миллии Тоҷикистон нисбати ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ҶСП “Тоҷпромбонк”, ҶСК “Соҳибкорбонк” ва ТАКХ “Васлат” чораҳои таъсиррасонӣ, аз қабили ситонидани ҷаримаҳои калонро татбиқ менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.