Гузаргоҳи Қулма-Қаросу ба реҷаи зимистонаи кор мегузарад

Гузаргоҳи назоратии Қулма-Қаросу (ВМКБ) дар марзи Тоҷикистону Чин ба реҷаи зимистонаи кор мегузарад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон, бинобар сабаби фарорасии мавсими сармо ва барфрезиҳои зиёд дар минтақаи гузаргоҳ, ба равуои нақлиёт тариқи он 8 рӯз дар як моҳ иҷозат дода мешавад. Реҷаи ҳамлу нақли молу воситаҳои нақлиёт тавассути гузаргоҳи […]

ASIA-Plus



Гузаргоҳи назоратии Қулма-Қаросу (ВМКБ) дар марзи Тоҷикистону Чин ба реҷаи зимистонаи кор мегузарад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон, бинобар сабаби фарорасии мавсими сармо ва барфрезиҳои зиёд дар минтақаи гузаргоҳ, ба равуои нақлиёт тариқи он 8 рӯз дар як моҳ иҷозат дода мешавад.

Реҷаи ҳамлу нақли молу воситаҳои нақлиёт тавассути гузаргоҳи автомобилгарди «Қулма-Қаросу» моҳи декабр – дар рӯзҳои  8, 9, 10, 11 ва 22, 23, 24, 25-ум; моҳи январ – дар рӯзҳои 5, 6, 7, 8 ва 19, 20, 21, 22-юм; моҳи феврал – дар рӯзҳои 1, 2, 3, 4 ва 16, 17, 18, 19-ум; моҳи март –  дар рӯзҳои 1, 2, 3, 4 ва 16, 17, 18, 19-ум ва моҳи апрел дар рӯзҳои 5, 6, 7, 8-ум сурат мегирад.

Аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд, ки аз соли 2012 фаъолияти ин гузаргоҳ тамоми сол роҳандозӣ шуда буд, вале бинобар сабаби номусоидии обуҳаво дар фасли зимистон дар ин мавзеъ, Чин тасмим гирифт, ки дар ин давра реҷаи муайяни равуоро ҷорӣ созад.

Гузаргоҳи «Қулма» дар баландии ҳудуди 4,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, ҳамасола ин гузаргоҳро ба ҳисоби миёна 10-11 ҳазор адад автомашинаҳо убур мекунанд. Гузаргоҳ аз соли 2005 ба фаъолият шурӯъ карда буд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.