Муовини раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ҳайати нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ-ро дар маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Арманистон роҳбарӣ мекунад.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки номзадии А.Фелалиевро намояндагони тамоми кишврҳои узви Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ҷонибдорӣ намудаанд. А.Фелалиев имрӯз аз Душанбе ба Ереван раҳсипор гардидааст.
Ба ҷуз А.Фелалиев, дар дар маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Арманистон, ба сифати нозирони байнулмилалӣ Тоҷикистонро ҳамчунин корманди Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Умедҷон Бобозода ва сармутахассиси КМИР ҶТ Ёқубҷон Мадумаров намояндагӣ мекунанд.
Маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Арманистон санаи 6 декабри соли равон доир гардида, дар ин тағйирот гузаштан ба шакли ҳокимияти парлумонӣ пешбинӣ шудааст.



