Нозирони Тоҷикистон дар маъракаи раъйпурсии Арманистон

Муовини раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ҳайати нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ-ро дар маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Арманистон роҳбарӣ мекунад. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки номзадии А.Фелалиевро намояндагони тамоми кишврҳои узви Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ҷонибдорӣ намудаанд. А.Фелалиев […]

ASIA-Plus



Муовини раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ҳайати нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ-ро дар маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Арманистон роҳбарӣ мекунад.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки номзадии А.Фелалиевро намояндагони тамоми кишврҳои узви Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ҷонибдорӣ намудаанд. А.Фелалиев имрӯз аз Душанбе ба Ереван раҳсипор гардидааст.

Ба ҷуз А.Фелалиев, дар дар маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Арманистон, ба сифати нозирони байнулмилалӣ Тоҷикистонро ҳамчунин корманди Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Умедҷон Бобозода ва сармутахассиси КМИР ҶТ Ёқубҷон Мадумаров намояндагӣ мекунанд.

Маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Арманистон санаи 6 декабри соли равон доир гардида, дар ин тағйирот гузаштан ба шакли ҳокимияти парлумонӣ пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.