Даъвати С.Аслов аз СММ ҷиҳати мусоидат ба татбиқи ташаббусҳои Э.Раҳмон дар соҳаи об

Рӯзи 2 декабри соли 2015 дар Париж Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар чорабинии сатҳи баланди ЮНЕСКО дар мавзӯи “Об, мардум ва ҳамкорӣ: 50 соли барномаҳои марбут ба оби ЮНЕСКО барои рушди устувор”, ки аз ҷониби ЮНЕСКО дар чаҳорчӯби Конфронси тарафҳои Конвенсияи сиғавии СММ роҷеъ ба тағйирёбии иқлим (СОР-21) баргузор гардид, ширкат кард. Бино […]

ASIA-Plus



Рӯзи 2 декабри соли 2015 дар Париж Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар чорабинии сатҳи баланди ЮНЕСКО дар мавзӯи “Об, мардум ва ҳамкорӣ: 50 соли барномаҳои марбут ба оби ЮНЕСКО барои рушди устувор”, ки аз ҷониби ЮНЕСКО дар чаҳорчӯби Конфронси тарафҳои Конвенсияи сиғавии СММ роҷеъ ба тағйирёбии иқлим (СОР-21) баргузор гардид, ширкат кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни суханронӣ дар чорабинӣ С. Аслов ширкати фаъолонаи сохторҳои ЮНЕСКО-ро дар таҳия, татбиқ ва арзёбии иқдомоти ҷаҳонии Тоҷикистон, аз қабили Соли байналмилалии оби тоза, 2003, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 таъкид кард.

Гуфта мешавад, С. Аслов аз ниҳодҳои дахлдори СММ, ба вежа ЮНЕСКО ва барномаҳои марбут ба оби он даъват кард, ки бо ҳамкориро бо Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таҳия ва татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об моҳи апрели соли 2015 пешниҳод гардида буд,  идома бахшанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.