Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо намояндагони парламентарҳои осиё ва СММ

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо намояндагони форуми парламентарҳои осиё оид ба аҳолӣ ва рушд ва хазинаи нуфуси Созмони Миллали Муттаҳид хонум Мика Марумото — Директори иҷрояи ташкилоти байналмилалии АФПНР, Ҳомидова Азиза- Роҳбари Хазинаи нуфузи СММ дар Тоҷикистон ва ҳамроҳони онҳо мулоқот намуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси […]

ASIA-Plus



Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо намояндагони форуми парламентарҳои осиё оид ба аҳолӣ ва рушд ва хазинаи нуфуси Созмони Миллали Муттаҳид хонум Мика Марумото — Директори иҷрояи ташкилоти байналмилалии АФПНР, Ҳомидова Азиза- Роҳбари Хазинаи нуфузи СММ дар Тоҷикистон ва ҳамроҳони онҳо мулоқот намуд.

Бино ба

иттилои сомонаи расмии

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони форуми парламентарҳои осиё оид ба аҳолӣ ва рушд ва хазинаи нуфуси созмони милали муттаҳид изҳори назар карда шуд.

Зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров иброз намуд, ки пешниҳоди роҳбарияти Форуми осиёии намояндаҳои парлумонҳо оид ба нуфус ва рушд Ҷумҳурии Тоҷикистон раисикунандаи Гурӯҳи парлумонии Кумитаи доимоамалкунандаи сармоягузорӣ дар соҳаи фаъолияти ҷавонон интихоб гаштааст. Мо итминон дорем, ки дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода хоҳанд шуд.

Хонум Мика Марумото — Директори иҷрояи ташкилоти байналмилалии АФПНР аз сатҳи ҳамкориҳои созмонҳояшон бо Тоҷикистон дар тамоми заминаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор доштанд, ки созмонҳояшон омода аст, ҳамкориҳои худ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ҳамкориҳои байнипарлумониро густариш диҳанд.

Онҳо таъкид намуданд, ки таҳкими муносиботи форуми парламентарҳои осиё оид ба аҳолӣ ва рушд, хазинаи нуфуси созмони милали муттаҳид ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба манфиати ҳарду ҷониб буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкорӣ заминаи боэътимод эҷод мекунад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.