Таҳлукаи сокинони пойтахт аз омодагӣ ба ҷашни кормандони ОМОН

Садои таркиши норинҷак (граната)-ҳои равшанидиҳандаву пурсадо дар макони будубоши доимии Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН), воқеъ дар мавзеи наздикии Сирки шаҳри Душанбе сокинони пойтахтро ба таҳлука овард. Аксари сокинони маҳаллаҳои аҳолинишин, кормандони корхонаҳои давлативу хусусӣ ва роҳгузарон аз ин мавзеъ аз садои тарикшу тирпаррониҳо аз силоҳи гуногун ба изтироб омада, бисёре аз онҳо шитоб доштанд, […]

ASIA-Plus



Садои таркиши норинҷак (граната)-ҳои равшанидиҳандаву пурсадо дар макони будубоши доимии Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН), воқеъ дар мавзеи наздикии Сирки шаҳри Душанбе сокинони пойтахтро ба таҳлука овард.

Аксари сокинони маҳаллаҳои аҳолинишин, кормандони корхонаҳои давлативу хусусӣ ва роҳгузарон аз ин мавзеъ аз садои тарикшу тирпаррониҳо аз силоҳи гуногун ба изтироб омада, бисёре аз онҳо шитоб доштанд, ки ҳарчӣ зудтар ин ҷоро тарк кунанд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) ба чорабинии тантанавӣ бахшида ба солгарди навбатии таъсисёбии ин сохтори ВКД омодагӣ мегирад, ки ҳамасолаи санаи 5 декабр ҷашн гирифта мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар чорабиниҳои омадагӣ ба ҷашн кормандони ин сохтор аз тирҳо ва маснӯоти пиротехникии безарар истифода мекунанд, ки барои ҳаёти мардум ҳеҷ хавфе надоранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.