Таҳияи рӯйхати номҳо барои тифлони навзоди тоҷик

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумат дар ҳамдастӣ бо Академияи илмҳои Тоҷикистон рӯйхати ягонаи номҳои тоҷикиро мавриди таҳия қарор додаанд. Аз Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки баъди мавриди амал қарор гирифтни тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ҳукумат низ ин рӯйхатро қабул мекунад. Маҳз […]

Меҳрангез Турсунзода



Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумат дар ҳамдастӣ бо Академияи илмҳои Тоҷикистон рӯйхати ягонаи номҳои тоҷикиро мавриди таҳия қарор додаанд.

Аз Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки баъди мавриди амал қарор гирифтни тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ҳукумат низ ин рӯйхатро қабул мекунад. Маҳз мутобиқи ин рӯйхат ва берун нарафтан аз чаҳорчӯби он шаҳрвандони Тоҷикистон ба тифлони навзоди худ ном мегузоранд.

Шумори номҳо дар рӯйхат алҳол саҳеҳан маълум нест, вале манбаъ аз аз эҳтимол дур намедонад, ки он беш аз 3 ҳазорро ташкил хоҳад дод.»Ба мо гуфтанд, ки рӯйхати номҳо аллакай омода аст, вале онро ба мо баъди қабул шудани тағйироту иловаҳо ба қонун пешниҳод мекунанд», – иброз дошт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, ба шаҳрвандони миллати ғайритоҷик дар ҷумҳурӣ ҳуқуқ дода мешавад, ки мутобиқи анъанаҳои миллии худашон барои тифлонашон ном интихоб кунанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии кишвар мудддати тӯлониест, ки китобчаи номҳои тоҷикӣ барои кӯдакон мавҷуд аст ва кормандони шуъба ба волидони кӯдак интихоби ном аз онро пешниҳод мекунанд, вале ин тартиб танҳо хусусияти тавсиявӣ дорад. Акнун шаҳрвандон уҳдадор мешаванд, ки тифлонашонро танҳо мутобиқи номҳои дар рӯйхат зикршуда номгузорӣ кунанд.

Нисбати шахсоне, ки дар ному насабашон решаҳои тоҷикӣ вуҷуд надоранд, дар Вазорати адлия қайд карданд, ки агар худи онҳо хостори ивази ному насабашон набошанд, ҳеҷ касе онҳоро ба ин кор маҷубур намекунад.

Ҳамчунин хотиррасон шуд, ки чунин қонун аллакай кайҳост, ки дар Эстония, Дания ва Шветсия қабул шуда, дар Русия алҳол мавриди таҳия қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 30 ноябр палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ

ба омӯзиши тағйироту иловаҳои

пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» шурӯъ намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.