Путин: Агар касе гумон кунад, ки бо помидор халос мешавад, сахт хато мекунад

Зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Федералии Русия Президенти ин кишвар Владимир Путин изҳор намуд, ки Русия намехоҳад дар вокуниш ба ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии Туркия ба бомбаандози СУ-24-и Русия, аз нерӯи вазнини  низомӣ истифода кунад, аммо ин кор танҳо бо маҳдудият дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ ба охир намерасад. «Асоси амалҳои мо, пеш аз ҳама, масъулият дар […]

АМИТ "Ховар"



Зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Федералии Русия Президенти ин кишвар Владимир Путин изҳор намуд, ки Русия намехоҳад дар вокуниш ба ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии Туркия ба бомбаандози СУ-24-и Русия, аз нерӯи вазнини  низомӣ истифода кунад, аммо ин кор танҳо бо маҳдудият дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ ба охир намерасад.

«Асоси амалҳои мо, пеш аз ҳама, масъулият дар назди Ватан ва халқамон хоҳад буд. Мо азми ҷанг кардан надорем ва таҳдид ҳам  нахоҳем кард. Лекин агар касе гумон кунад, ки бо содир кардани ҷинояти ҳарбии разилона – куштори мардуми мо – бо помидор ё баъзе маҳдудиятҳо дар сохтмон ва дигар соҳаҳо халос мешавад, сахт хато мекунад», – ҳушдор дод Владимир Путин.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

, дар Паёми мазкур Президенти Русия Владимир Путин кишварҳои дунёро ба

таъсиси ҷабҳаи ягонаи зиддитеррористӣ

таҳти сарпарастии СММ даъват намуд.

Гайр аз ин сарвари давлати Русия зикр кард, ки «ба терроризми байналмилалӣ танҳо

бо нерӯи як кишвар ғолиб омадан имконнопазир аст

, бахусус дар шароите, ки амалан сарҳадҳо дар ҷаҳон кушодаанд ва ҷаҳон ҳиҷрати  нави мардумонро аз сар мегузаронад ва вақте ки террористон дастгирии доимии молӣ меёбанд».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.