Путин: Агар касе гумон кунад, ки бо помидор халос мешавад, сахт хато мекунад



Зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Федералии Русия Президенти ин кишвар Владимир Путин изҳор намуд, ки Русия намехоҳад дар вокуниш ба ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии Туркия ба бомбаандози СУ-24-и Русия, аз нерӯи вазнини  низомӣ истифода кунад, аммо ин кор танҳо бо маҳдудият дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ ба охир намерасад.

«Асоси амалҳои мо, пеш аз ҳама, масъулият дар назди Ватан ва халқамон хоҳад буд. Мо азми ҷанг кардан надорем ва таҳдид ҳам  нахоҳем кард. Лекин агар касе гумон кунад, ки бо содир кардани ҷинояти ҳарбии разилона – куштори мардуми мо – бо помидор ё баъзе маҳдудиятҳо дар сохтмон ва дигар соҳаҳо халос мешавад, сахт хато мекунад», – ҳушдор дод Владимир Путин.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

, дар Паёми мазкур Президенти Русия Владимир Путин кишварҳои дунёро ба

таъсиси ҷабҳаи ягонаи зиддитеррористӣ

таҳти сарпарастии СММ даъват намуд.

Гайр аз ин сарвари давлати Русия зикр кард, ки «ба терроризми байналмилалӣ танҳо

бо нерӯи як кишвар ғолиб омадан имконнопазир аст

, бахусус дар шароите, ки амалан сарҳадҳо дар ҷаҳон кушодаанд ва ҷаҳон ҳиҷрати  нави мардумонро аз сар мегузаронад ва вақте ки террористон дастгирии доимии молӣ меёбанд».

spot_imgspot_img

Популярное