Поси хотири ҷанговарони тоҷики фавтида дар муҳорибаи назди Маскав



Ба муносибати 74-умин солгарди ҳуҷуми ҷавобии артиши шӯравӣ дар муҳорибаи назди Маскав, ки дар он дар қатори дигар намояндагони халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бригадаҳои аскарони савора (кавалерӣ) аз Тоҷикистон низ иштирок карда буданд ва поси хотири ҷанговарони дар он ҳалокшуда, субҳи рӯзи шанбе (соати 09-00), 5 декабр дар пояи Гулхани абадӣ дар Боғи Ғалабаи пойтахт маросими гулчанбаргузорӣ ва ҷамъомад доир мегардад.

Аз Маркази илму фарҳанги Русия ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ поси хотири ҷанговарони тоҷик аст, ки дар яке аз муҳорибаҳои шадид ва хунрези Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷони худро аз додаанд.

Дар чорабинӣ намояндагони ҳукумати шаҳри Душанбе, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ – ҷанговарони тоҷик, кормнадони сафорати Русия дар Тоҷикистон, намояндагони сафоратҳои кишварҳои узви ИДМ, намояндагони Россотрудничество дар Тоҷикистон, ҳайати фармондеҳӣ ва хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, гурӯҳи ҷустуҷӯии «Память-201», ҳайати фармондеҳии Гурӯҳи мушовирони Русия оид ба масоили марзии Хадамоти федералии амнияти Русия дар ҶТ, Кумита оид ба корҳои ҷанговарони интернатсионалисти Тоҷикистон, Щӯрои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии собиқадорони ҷангу меҳнат, намояндагони ташкилотҳои ҳамватанони русиягӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин намояндагони ВАО-и маҳаллӣ ва русиягӣ иштирок мекунанд.

Дар доираи баргузории чорабинии мазкур сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ба тоҷикистониён – иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳои идона бахшида ба 70-умин солгарди Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бзуруги Ватанӣ ифтихорномаҳо тақдим хоҳад кард.

spot_imgspot_img

Популярное