Сафирони 9 кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома месупоранд



Рӯзи 10 декабр дар Душанбе маросими ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супурдани эътимодномаҳои сафирони як қатор кишварҳо доир мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ин маросим сафирони Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Латвия, Ҷумҳурии Литва, Шоҳигарии Испания, Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир, Ҷумҳурии Того, Ҷумҳурии Гвинея ва Ҷумҳурии Филиппин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимоднома месупоранд.

spot_imgspot_img

Популярное