Ҳарифи Э.Раҳмон дар 2 интихобот: ӯ ба мақоми «Пешвои миллат» арзанда аст



Котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков бар ин назар аст, ки аз замони Тоҷикистони ба ҷанги шаҳрвандӣ фарогирифтаро ба роҳбарӣ гирифтани Эмомалӣ Раҳмон муддати 23 сол ӯ чандин маротиба собит сохт, ки пешвои ҳақиқии миллат аст ва ин унвон ё мақомро ба ӯ додан тариқи қонун эътирофи хизматҳояш назди Ватан мебошад.

Исмоил Талбаков, ҳарифи Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботи президентии солҳои 2006 ва 2013 муътақид аст, ки президенти амалкунандаи Тоҷикистон миёни мардум хеле маҳбубу писандида аст. «Бидуни баргузор кардани кадом як назарпурсие бо итминон метавон гуфт, ки писандидагиву маҳубияти ӯ миёни мардум ҳамеша дар сатҳи 90-95 фоиз қарор дорад», – мегӯяд Талбаков.

«Дастгирие, ки Эмомалӣ Раҳмон миёни мардуми Тоҷикистон дорад, ҳеҷ як президенти дигар дар саросари ҷаҳон надорад», – чунин мешуморда коммунист Талбаков.

Котиби КМ Ҳизби коммунист таъкид дошт, ки саҳми Э.Раҳмон дар истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ҳамчунин баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байнулмиилалиро «танҳо шахси бевиҷдон эътироф карда наметавонад».

Ба андешаи Талбаков, ба Э.Раҳмон додани мақоми «Пешвои миллат» дар шароити ташаннуҷи вазъ дар аксари минтақаҳои ҷаҳон ба муттаҳид шудани мардум миёни президенти худ мусоидат мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное