Шоҳрух Юнусов ба шоҳҷоизаи фестивали Франкфурт соҳиб шуд

Дар Фестивал-озмуни III байнулмилалии мусиқии «Musikalischer Regenbogen» (2-7 декабр) миёни кӯдакони лаёқатманд аз кишварҳои гуногун дар шаҳри Франкфурти Майни Олмон намояндаи Тоҷикистон Шоҳрух Юнусови 17-сола ба мукофоти асосии фестивал – Шоҳҷоиза (Гран-при) соҳиб шуд. Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Шоҳрух Юнусов қайд кард, ки дар доираи фестивал онҳо аз як қатор кишварҳои Аврупо боздид кардаанд. Шоҳрух […]

Акмал Маннонов



Дар Фестивал-озмуни III байнулмилалии мусиқии «Musikalischer Regenbogen» (2-7 декабр) миёни кӯдакони лаёқатманд аз кишварҳои гуногун дар шаҳри Франкфурти Майни Олмон намояндаи Тоҷикистон Шоҳрух Юнусови 17-сола ба мукофоти асосии фестивал – Шоҳҷоиза (Гран-при) соҳиб шуд.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Шоҳрух Юнусов қайд кард, ки дар доираи фестивал онҳо аз як қатор кишварҳои Аврупо боздид кардаанд.

Шоҳрух зикр кард, ки ба ин чорабинӣ ӯро профессори Донишгоҳи Милан ва роҳбари бадеии академияи «Бел-Канто-Интернешнл» Атҳам Холиқов омода намуда, аз ҷиҳати молиявӣ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дастгирӣ кардааст. Аз рӯи натиҷаҳои озмун ба онҳо ҳамчунин диплом ва номаҳои миннатпазирӣ аз дастандаркорони фестивал тақдим шудаанд.

«Бо истифода аз фурсати қулай ба устодам Атҳам Холиқов ва Абдураҳмон Қодирӣ барои дастгириашон ва фароҳам овардани имкон барои иштирок дар ин фестивали пуршукӯҳ миннатдорӣ изҳор мекунам», – гуфт ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.