Ҳарифи Э.Раҳмон дар 2 интихобот: ӯ ба мақоми «Пешвои миллат» арзанда аст

Котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков бар ин назар аст, ки аз замони Тоҷикистони ба ҷанги шаҳрвандӣ фарогирифтаро ба роҳбарӣ гирифтани Эмомалӣ Раҳмон муддати 23 сол ӯ чандин маротиба собит сохт, ки пешвои ҳақиқии миллат аст ва ин унвон ё мақомро ба ӯ додан тариқи қонун эътирофи хизматҳояш назди Ватан мебошад. Исмоил Талбаков, […]

Аваз Юлдошев



Котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков бар ин назар аст, ки аз замони Тоҷикистони ба ҷанги шаҳрвандӣ фарогирифтаро ба роҳбарӣ гирифтани Эмомалӣ Раҳмон муддати 23 сол ӯ чандин маротиба собит сохт, ки пешвои ҳақиқии миллат аст ва ин унвон ё мақомро ба ӯ додан тариқи қонун эътирофи хизматҳояш назди Ватан мебошад.

Исмоил Талбаков, ҳарифи Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботи президентии солҳои 2006 ва 2013 муътақид аст, ки президенти амалкунандаи Тоҷикистон миёни мардум хеле маҳбубу писандида аст. «Бидуни баргузор кардани кадом як назарпурсие бо итминон метавон гуфт, ки писандидагиву маҳубияти ӯ миёни мардум ҳамеша дар сатҳи 90-95 фоиз қарор дорад», – мегӯяд Талбаков.

«Дастгирие, ки Эмомалӣ Раҳмон миёни мардуми Тоҷикистон дорад, ҳеҷ як президенти дигар дар саросари ҷаҳон надорад», – чунин мешуморда коммунист Талбаков.

Котиби КМ Ҳизби коммунист таъкид дошт, ки саҳми Э.Раҳмон дар истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ҳамчунин баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байнулмиилалиро «танҳо шахси бевиҷдон эътироф карда наметавонад».

Ба андешаи Талбаков, ба Э.Раҳмон додани мақоми «Пешвои миллат» дар шароити ташаннуҷи вазъ дар аксари минтақаҳои ҷаҳон ба муттаҳид шудани мардум миёни президенти худ мусоидат мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.