Ҳудуди 800 млн. сомонӣ ба соҳаҳои иҷтимоии вилояти Суғд дар зарфи 10 моҳ



Дар давраи моҳҳои январ-октябри соли 2015 ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳангу варзиши вилояти Суғд беш аз 797,8 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки 81,4 фоизи хароҷоти умумии буҷетҳои маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин давра барои маблағгузории соҳаҳои маориф 451,3 миллион сомонӣ, нигоҳдории тандурустӣ 225,1 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 13,8 миллион сомонӣ ва фарҳангу варзиш 107,5 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамзамон маблағгузории хароҷотҳои аввалиндараҷаю зарурии соҳаҳои болозикр, аз ҷумла пардохти саривақтии музди меҳнат ва маоши кормандони ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, пурра ва саривақт роҳандозӣ гардидааст.

spot_imgspot_img

Популярное