Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 7 декабри соли равон барои иштирок дар кори Конфронси панҷуми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё– Раванди Истамбул» ба шаҳри Исломобод сафар кард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҳошияи конфронс вохӯриҳои дуҷонибаи С.Аслов бо роҳбарони ҳайатҳои як қатор кишварҳои иштироккунандаи раванди мазкур пешбинӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаи конфронси мазкур қабули Эъломияи Исломобод зери унвони «Қалби Осиё–Раванди Истамбул: тавсеаи ҳамкориҳо ҷиҳати мубориза алайҳи чолишҳои амниятӣ ва таҳкими ҳамбастагӣ дар минтақаи Қалби Осиё» дар назар аст.



