Шикояти адвокатҳои Заррина Юнусова аз болои қарори ихроҷ



Ҷониби ҳимояи шаҳрванди Тоҷикистон Заррина Юнусова, ки аз рӯи парвандаи марги писари 5-моҳааш Умаралӣ Назаров ҷабрдида эътироф шудааст, аз болои қарори ихроҷи ӯ аз қаламрави Русия то анҷоми тафтишот шикоят бурд.

Сомонаи

Коммерсант.ru

дар ин робита менависад, адвокатҳои Заррина Юнусова изҳор доштаанд, ки танҳо бекор шудани ин қарор «ба ҷабрдида имкон хоҳад дод, ки дар ҷараёни тафтишот фаъолона иштирок кунад ва ҳамчунин ба давлат шароит муҳайё месозад, ки уҳдадориҳои худ оид ба тафтишоти пурсамари нақзи ҳуқуқ ба ҳаётро ба иҷро расонад»

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ иттилоъ дода буд, ки Рустам Назаров , падари Умаралӣ Назаров, дар парвандаи марги писараш расман 

ба ҳайси ҷабрдида эътироф шудааст

. Дар ин бора мақомоти Кумитаи тафтишотии Санкт-Петербург рӯзи 3 декабр ба расонаҳо хабар дода буданд.

Нашрия менависад, адвокати Юнусова дар Тоҷикистон ба ВАО хабар дода буд, ки дар хуни Заррина Юнусова, модари Умаралӣ Назарови 5-моҳаи фавтида

ситомегаловирус, ки гӯё ба марги кӯдаки ӯ боис гардида бошад, пайдо нашуд.

Ба гуфтаи ӯ, ин натиҷаҳо баъди ташхиси хуни Заррина, ки аз ҷониби коршиносони маҳаллӣ дар Душанбе гузаронида шуд, ошкор шуданд. Мақомоти тафтишотии Русия ба нашрия зикр кардаанд, ки дар доираи тафтиши ин парвнада бо ҳамтоҳои тоҷики худ алҳол ҳамкорӣ надоштаанд.

Дар шикояти таҷдиди назар адвокатҳо Юрий Серов ва Олга Сейтлина дархост намудаанд, ки қарори аз 12 ноябр мавриди амал қароргирифтаи суди шаҳри Санкт-Петербург дар бораи ихроҷи Заррина Юнусова аз Русия барои вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират бекор карда шавад.

Ба андешаи ҳомиёни ҳуқуқ, мақомоти суди ноҳия ва шаҳр «ба ҳолатҳои аз нигоҳи ҳуқуқӣ муҳими парванда ба таври зарурӣ баҳо надода, меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалиро сарфи назар кардаанд».

Гуфта мешавад, шикоят дар муддати се моҳ бояд аз ҷониби муовини раиси суди шаҳр Михаил Павлюченко баррасӣ гардида, агар он қонеъ карда шавад, ба Заррина Юнусова лозим меояд, ки ҷиҳати анҷоми расмиёти муҳоҷират боз чанд муддате вақт масраф кунад ва ба Русия ӯ барвақттар аз ним сол омада наметавонад. Дар сурати рад шудани шикоят, манъи вуруд ба қаламрави Русия барои Заррина Юнусова панҷ сол амал мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное