Ифтитоҳи шуъбаи нави Раёсати АНМН дар Исфара

Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирӣ намудани қочоқи маводи мухаддир тавассути сарҳади давлатӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон 5 декабр дар шаҳри Исфара маросими кушода шудани Шуъбаи нави Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти […]

ASIA-Plus



Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирӣ намудани қочоқи маводи мухаддир тавассути сарҳади давлатӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон 5 декабр дар шаҳри Исфара маросими кушода шудани Шуъбаи нави Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Бин ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ин маросим Директори Агентӣ, Намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ, Консули генералии Россия дар шаҳри Хуҷанд, намояндаи расмии Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатии вилоятӣ ва маҳаллӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии шаҳр иштирок намуданд.

Бинои маъмурии шуъбаи байниноҳиявии Агентӣ дар шаҳри Исфара мутобиқи Барномаи расонидани кӯмаки молиявӣ ва моддӣ-техникӣ ба Агентӣ барои солҳои 2015-2017 сохта шуд, ки он дар чорчӯбаи “Қарордод байни АНМН Тоҷикистон ва ХФНММН Россия дар соҳаи муқовимат бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, маводи писхотропӣ ва прекурсорҳои он” таҳия мегардад, ки қарордоди мазкур 26 майи соли ҷорӣ байни Директори Агентӣ ва Директори Хадамоти Россия ба имзо расид.

Меҳмонон бинои нави Шуъбаро аз назар гузарониданд, ки он дорои таҷҳизоти ҳозиразамон, утоқҳои корӣ, волиер барои парвариши сагҳои хизматӣ, ошхона, таваққуфгоҳи нигоҳдории муваққатӣ, маҷмааи варзишӣ, нақлиёт ва таъмини барқ мебошад.

Таҳияи барномаи мазкур барои баланд бардоштани натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматӣ, таъминоти моддӣ-техникии ҷузъу томҳои Агентӣ мусоидат намуд. Барои сохтмони бино инчунин аз буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ ҷудо гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.