Сафирони навтаъйини се давлати аврупоӣ ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов имрӯз, 10 декабр нусхаи эътимодномаҳои худро супурданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, нусхаҳои эътимодномаҳои худро сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Литва Витаутас Наудужас, Ҷумҳурии Латвия Эдгарс Бондарс ва Шоҳигарии Испания Педро Хосе Санз Серрано супориданд.
Пас аз маросим мулоқотҳои дуҷонибаи Сироҷидин Аслов бо сафирони навтаъйин доир гардид, ки зимни он ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он кишварҳо, инчунин ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сироҷиддин Аслов сафиронро барои ба ин вазифа таъйин шуданашон табрик намуда, ба онҳо ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбиашон комёбиҳо таманно намуд.



