Ғолиби аввалин бозии бурдноки аксияи “Биёву бубар”



Аввалин бозии бурдноки аксияи “Биёву бубар” доир гардид. Ин бозии бурднок ҷузъи барномаҳои бурдноки суғуртаи тиббии ташкилоти “Суғуртаи миллӣ” ба мизоҷон буда, дар ин аксия дорандагони полисҳои суғуртавии ду барномаи ҷадид “Классик” бо пардохти суғуртавии 160 сомонӣ ва “Нуқрагӣ” бо пардохти суғуртавии 260 сомонӣ ширкат варзиданд.

Дар бозии бурдноки аввал ду шоҳҷоиза бо маблағи 5 000 ва 10 000 сомонӣ ва ҷоизаҳои дигар мавриди бозӣ қарор гирифтанд. Ғолиби шоҳҷоизаи пулии барномаи “Классик”, ки аз 5 000 сомони иборат буд, Фозилов Олимҷон ва ғолиби шоҳҷоизаи барномаи “Нуқрагӣ” бо маблағи 10 000 сомонӣ Ҳамроев Саидаҳмад гардиданд.

Ин иқдоми “Суғуртаи миллӣ” дар кишвар бесобиқа буда, ҳадафи аслии он ҷалби бештари таваҷҷӯҳи мардум ба суғуртаи тиббӣ мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки имрӯз суғуртаи тиббӣ роҳи аз ҳама босамари ба танзим даровардани бозори хизматрасониҳои тиббӣ дар кишвар ба шумор меравад.

Лозим ба ёдоварист, ки иқдоми “Суғуртаи миллӣ” идома дорад. Ҳар сокини Тоҷикистон бо харидории полисҳои суғуртавии яке аз се барномаи «Классика», «Нуқрагӣ» ва «Тиллоӣ» на танҳо саломатии худро барои як сол суғурта мекунад, ҳамчунин дар чанд аксияи бурднок иштирок намуда, имкон хоҳад дошт, то яке аз 9 бурди молӣ ва ё шоҳҷоизаҳоро ба маблағи 5000, 10000 ва 20000 сомонӣ бурд намояд.

spot_imgspot_img

Популярное