Ғолиби аввалин бозии бурдноки аксияи “Биёву бубар”

Аввалин бозии бурдноки аксияи “Биёву бубар” доир гардид. Ин бозии бурднок ҷузъи барномаҳои бурдноки суғуртаи тиббии ташкилоти “Суғуртаи миллӣ” ба мизоҷон буда, дар ин аксия дорандагони полисҳои суғуртавии ду барномаи ҷадид “Классик” бо пардохти суғуртавии 160 сомонӣ ва “Нуқрагӣ” бо пардохти суғуртавии 260 сомонӣ ширкат варзиданд. Дар бозии бурдноки аввал ду шоҳҷоиза бо маблағи 5 […]

ASIA-Plus



Аввалин бозии бурдноки аксияи “Биёву бубар” доир гардид. Ин бозии бурднок ҷузъи барномаҳои бурдноки суғуртаи тиббии ташкилоти “Суғуртаи миллӣ” ба мизоҷон буда, дар ин аксия дорандагони полисҳои суғуртавии ду барномаи ҷадид “Классик” бо пардохти суғуртавии 160 сомонӣ ва “Нуқрагӣ” бо пардохти суғуртавии 260 сомонӣ ширкат варзиданд.

Дар бозии бурдноки аввал ду шоҳҷоиза бо маблағи 5 000 ва 10 000 сомонӣ ва ҷоизаҳои дигар мавриди бозӣ қарор гирифтанд. Ғолиби шоҳҷоизаи пулии барномаи “Классик”, ки аз 5 000 сомони иборат буд, Фозилов Олимҷон ва ғолиби шоҳҷоизаи барномаи “Нуқрагӣ” бо маблағи 10 000 сомонӣ Ҳамроев Саидаҳмад гардиданд.

Ин иқдоми “Суғуртаи миллӣ” дар кишвар бесобиқа буда, ҳадафи аслии он ҷалби бештари таваҷҷӯҳи мардум ба суғуртаи тиббӣ мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки имрӯз суғуртаи тиббӣ роҳи аз ҳама босамари ба танзим даровардани бозори хизматрасониҳои тиббӣ дар кишвар ба шумор меравад.

Лозим ба ёдоварист, ки иқдоми “Суғуртаи миллӣ” идома дорад. Ҳар сокини Тоҷикистон бо харидории полисҳои суғуртавии яке аз се барномаи «Классика», «Нуқрагӣ» ва «Тиллоӣ» на танҳо саломатии худро барои як сол суғурта мекунад, ҳамчунин дар чанд аксияи бурднок иштирок намуда, имкон хоҳад дошт, то яке аз 9 бурди молӣ ва ё шоҳҷоизаҳоро ба маблағи 5000, 10000 ва 20000 сомонӣ бурд намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.