Баррасии қонун «Дар бораи Пешвои миллат» дар палатаи болоии парлумон

Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», ки рӯзи 9 декабр аз ҷониби палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ маъқул шуморида шуд, ҷиҳати баррасӣ ба палатаи болоии парлумон ирсол гардид. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, қонуни мазкур дар иҷлосияи чоруми палатаи болоии парлумон […]



Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», ки рӯзи 9 декабр аз ҷониби палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ маъқул шуморида шуд, ҷиҳати баррасӣ ба палатаи болоии парлумон ирсол гардид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, қонуни мазкур дар иҷлосияи чоруми палатаи болоии парлумон даъвати панҷум, ки санаи 18 декабр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ҳамчунин тағйироту иловаҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда ба қонунҳо «Дар бораи мубориза бо терроризм», «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» низ баррасӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки қонуни қабулшуда «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ваколати Пешвои миллат, дахолатнопазирии ӯ баъди тарк кардани мансаби президенти Тоҷикистон, таъмини ӯ бо нақлиёт, манзили зист, имтиёзҳои иҷтимоӣ баъди анҷоми муҳлати президентиро муқаррар мекунад.

Мутобиқи меъёрҳои ин қонун, пас аз мансаби президентиро тарк гуфтан Пешвои миллат ҳамчунин барои муроҷиат ба мардуми ҷумҳурӣ, иштирок кардан дар кори чорабиниҳои муҳими давлатӣ ва суханронӣ дар онҳо ҳуқуқ дорад. Ғайр аз ин, дар қонун таъсиси бойгонӣ, китобхона ва осорхонаи Пешвои миллат низ пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.