Шиносоии нахуствазир бо вазъи кӯли Сарез пас аз заминларза

Ҳайати комиссияи ҳукумат иборат аз роҳбарони вазорату идорахои дахлдори ҷумҳурӣ таҳти сарварии нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода субҳи имрӯз ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раҳсипор шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ҳадаф аз сафар, ки бо дастури президенти мамлакат сурат мегирад, аз наздик шинос шудан бо вазъи кӯли […]



Ҳайати комиссияи ҳукумат иборат аз роҳбарони вазорату идорахои дахлдори ҷумҳурӣ таҳти сарварии нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода субҳи имрӯз ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раҳсипор шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ҳадаф аз сафар, ки бо дастури президенти мамлакат сурат мегирад, аз наздик шинос шудан бо вазъи кӯли Сарез пас аз заминдарзаи рӯзи 7 декабр аст.

Зимнан зикр гардид, ки дар маркази ноҳияи Рӯшон Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо аҳолии аз заминларза осебдида мулоқот мекунад.

Ёдрас мекунем, ки бар асари заминларзае, ки нимаи рӯзи 7 декабр дар қаламрави Тоҷикистон рух дод, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хисороту осеби зиёд ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза  дар 357 км  ҷанубу  шарқ аз  шаҳри Душанбе ва километри 22-юм аз кӯли Сарез  ҷойгир буда,  қувваи он дар марказ 7-8 бал, дар Сарез  5-6  ва  дар шаҳри  Душанбе    3-4  балро  ташкил дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.