Оғози кӯчонидани аҳолии осебдида аз водии Бартанг

Чархболи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон субҳи имрӯз кумаки аввал ба аҳолии аз заминларза осебдидаро то водии Бартанг расонида, дар роҳи бозгашт 25 нафар сокинони бештар ба кумак ниёзмандро ҳамроҳ гирифт. Роҳбари шуъбаи робита бо ҷомеаи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз шумори умумии кӯчонидашудагон 4 нафарашон бемор, […]

Аваз Юлдошев



Чархболи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон субҳи имрӯз кумаки аввал ба аҳолии аз заминларза осебдидаро то водии Бартанг расонида, дар роҳи бозгашт 25 нафар сокинони бештар ба кумак ниёзмандро ҳамроҳ гирифт.

Роҳбари шуъбаи робита бо ҷомеаи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз шумори умумии кӯчонидашудагон 4 нафарашон бемор, 12 нафар – кӯдакон ва боқимонда афроди бесарпаноҳмонда мебошанд.

«Беморон дар бемористонҳои ноҳия бистарӣ шуда, боқимонда муваққатан дар мактабҳо ва манзили хешовандонашон ҷойгир шуданд», – қайд кард Асламшоева.

Ба гуфтаи ӯ, нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ҳамроҳони ӯ – вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Хайриддин Абдураҳимов чанде пеш тариқи чархбол ба водии Бартанг раҳсипор шудаанд, то ки бо вазъи кӯли Сарез пас аз заминларза аз наздик ошно гардида, бо аҳолии осебдида мулоқот анҷом диҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.