Суғд: Ба 9 узви «Ҳизб-ут-Таҳрир» ҳукм содир шуд

Дар вилояти Суғд нисбати 9 нафар сокини вилояти Суғд – аъзои фаъоли созмони ифротгарои «Ҳизб-ут-Таҳрир» ҳукм содир шуд. Онҳо ба муҳлатҳои аз 3,5 то 13 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд. Рӯзи панҷшанбе дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №1-и шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳӣ нисбати аъзои созмони ифротгарои фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-Таҳрир» ба итмом расид. Синнусоли маҳкумшудагон […]

Мавлуда Рофиева



Дар вилояти Суғд нисбати 9 нафар сокини вилояти Суғд – аъзои фаъоли созмони ифротгарои «Ҳизб-ут-Таҳрир» ҳукм содир шуд. Онҳо ба муҳлатҳои аз 3,5 то 13 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд.

Рӯзи панҷшанбе дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №1-и шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳӣ нисбати аъзои созмони ифротгарои фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-Таҳрир» ба итмом расид. Синнусоли маҳкумшудагон аз 30 то 50-соларо ташкил медиҳад.

Судяи суди шаҳри Хуҷанд ва ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Наргис Набизода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки суд онҳоро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 187, қ. 2 (Ташкили иттиҳоди  ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ё иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ва ё дигар намояндагони гурўҳҳои муташаккил) ва 307

3

, қ. 1 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 307

2,

қ. 1 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф намуд.

Судя зикр кард, ки ҳамаи онҳо моҳи апрели соли равон аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва мақомоти прокуратураи вилояти Суғд боздошт шудаанд.

Созмони ифротгарои «Ҳизб-ут-Таҳрир» соли 1952 дар Фаластин таъсис дода шудааст. Ҳадафи он сарнагун кардани  сохти конститутсионӣ дар кишварҳои мусалмонӣ ва бунёди халифат аст. Дар аксари кишварҳо ин созмон ифротгаро эътироф гардидааст.

Соли 2001 бо қарори Суди олии ҶТ фаъолияти созмони ифротгарои динии «Ҳизб-ут-Таҳрир» дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълон гардид. Соли 2008 созмон ба рӯйхати ташкилотҳои ифротгаро шомил гардида, фаъолони он тибқи қонун мавриди пайгард қарор доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.