Чархболи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон субҳи имрӯз дар ниҳояти кор ба водии Бартанги ВМКБ парвоз кард. Бар асари номусоидии обуҳаво пас аз
заминларзаи харобиовари рӯзи 7 декабр
, ки ба ин минтақа хисороти зиёд овард, муддати чанд рӯз
роҳҳои заминиву ҳавоӣ ба ин водӣ баста буданд.
Чархболи дуюм низ бо кумак барои осебдидагон дар майдони парвози фурудгоҳи Хоруғ қарор дорад.
Роҳбари шуъбаи робита бо ҷомеаи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба воситаи чархболҳо ба сокини осебдида хаймаҳо барои зист ва маҳсулоти ғизойӣ фиристода мешавад. Сокинони бесарпаноҳмондаи водӣ тариқи чархбол ба маркази ноҳияи Рӯшон, ба биноҳои омодашудаи мактабу бемористон ва хонаҳо оварда мешаванд», – иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи номбурда, обуҳавошиносон имрӯз шароити мусоид барои парвоз ба Бартангро пешгӯӣ карда, парвози якчанд чархболҳо ба водӣ дар назар аст.
Чархболҳои Вазорати мудофиаи
бо дастури президент барои кумак сафарбаршуда
ба далели номусоидии обуҳаво аз маркази ноҳияи Рӯшон ба водии Бартанг парвоз карда наметавонистанд.
Ёдрас мекунем, ки
дар маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ
зикр гардид, ки дар қаламрави вилояти Бадахшон бар асари заминлраза 237 хона пурра ва 588 хона қисман вайрон шудаанд. 214 хонаи пурра ва 205 хонаи қисман зарардида ба ноҳияи Рӯшон рост меояд. Ҳамчунин иншооти зиёди иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу китобхона ва дигар муассисаҳо қисман зарар дидаанд. Бошандагони ҳамаи 237 хонаи пурра харобшуда дар ҷойҳои зисти муваққатӣ ҷойгир ва бо маводи ғизоӣ, сарулибос ва дигар ашёи зарурӣ таъмин карда шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, корбарони фаъоли сегменти тоҷикии шабакаи иҷтимоии Фейсбук
роҳу воситаҳои кумак ба осебдидагон
аз заминларзаи харобиовари рӯзи 7 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пешниҳод намуданд.



