Эътимодномаҳои сафирони 8 кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон

Нимаи дуюми рӯзи 10 декабр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз гурӯҳи сафирони нави кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африқо эътимоднома қабул намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Ю Э Бин, Ҷумҳурии Ҳиндустон Бираҷа Прасад, Ҷумҳурии […]



Нимаи дуюми рӯзи 10 декабр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз гурӯҳи сафирони нави кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африқо эътимоднома қабул намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Ю Э Бин, Ҷумҳурии Ҳиндустон Бираҷа Прасад, Ҷумҳурии Литва Витаутас Наудужас,Ҷумҳурии Латвия Эдгарс Бондарс, Испания Педро Хосе Санз Серрано, Ҷумҳурии Филиппин Даниел Рамос Эспириту, Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Носир Бушерит ва Ҷумҳурии Гвинея Бангалӣ Диахабӣ эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик намуд.

Президенти мамлакат бо итминон иброз дошт, дар доираи сисёсати дарҳои боз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад ва омода аст, ки бо тамоми кишварҳои дунё – бидуни истисно – муносибатҳои дӯстиву ҳамкории мутақобилан судманд дошта бошад.

Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди муносибатҳо ва робитаҳои гуногунҷанба бо кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африқо андешаронӣ карда, изҳори умед намуд, ки сафирон барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда ҷаҳду талош мекунанд.

Рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳаи муассир, авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими равобит бо кишварҳо, муносиботи сохторҳои соҳибкорӣ ва мақомоти давлатии Тоҷикистону кишварҳо аз масъалаҳои асосии суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафирони нав буд.

Инчунин таъкид гардид, ки кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африқо, имрӯз дар сафи дӯстону шарикони давлату мардуми Тоҷикистон қарор доранд. «Ин робитаҳо барои рушду таҳкими минбаъда майдони фарох доранд ва мо дар ин ҷода аз фаъолияти дипломатии Шумо, самараҳои неку назаррасро интизорем», – таъкид намуд дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.