Чархболи Вазорати мудофиа бо кумак ба Бартанг парвоз кард

Чархболи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон субҳи имрӯз дар ниҳояти кор ба водии Бартанги ВМКБ парвоз кард. Бар асари номусоидии обуҳаво пас аз   заминларзаи харобиовари рӯзи 7 декабр , ки ба ин минтақа хисороти зиёд овард, муддати чанд рӯз роҳҳои заминиву ҳавоӣ ба ин водӣ баста буданд. Чархболи дуюм низ бо кумак барои осебдидагон дар майдони […]



Чархболи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон субҳи имрӯз дар ниҳояти кор ба водии Бартанги ВМКБ парвоз кард. Бар асари номусоидии обуҳаво пас аз  



заминларзаи харобиовари рӯзи 7 декабр



, ки ба ин минтақа хисороти зиёд овард, муддати чанд рӯз

роҳҳои заминиву ҳавоӣ ба ин водӣ баста буданд.

Чархболи дуюм низ бо кумак барои осебдидагон дар майдони парвози фурудгоҳи Хоруғ қарор дорад.

Роҳбари шуъбаи робита бо ҷомеаи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба воситаи чархболҳо ба сокини осебдида хаймаҳо барои зист ва маҳсулоти ғизойӣ фиристода мешавад. Сокинони бесарпаноҳмондаи водӣ тариқи чархбол ба маркази ноҳияи Рӯшон, ба биноҳои омодашудаи мактабу бемористон ва хонаҳо оварда мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, обуҳавошиносон имрӯз шароити мусоид барои парвоз ба Бартангро пешгӯӣ карда, парвози якчанд чархболҳо ба водӣ дар назар аст.

Чархболҳои Вазорати мудофиаи 

бо дастури президент барои кумак сафарбаршуда

  ба далели номусоидии обуҳаво аз маркази ноҳияи Рӯшон ба водии Бартанг парвоз карда наметавонистанд.

Ёдрас мекунем, ки 

дар маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ

 зикр гардид, ки дар қаламрави вилояти Бадахшон бар асари заминлраза 237 хона пурра ва 588 хона қисман вайрон шудаанд. 214 хонаи пурра ва 205 хонаи қисман зарардида ба ноҳияи Рӯшон рост меояд.  Ҳамчунин иншооти зиёди иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу китобхона ва дигар муассисаҳо қисман зарар дидаанд. Бошандагони ҳамаи 237 хонаи пурра харобшуда дар ҷойҳои зисти муваққатӣ ҷойгир ва бо маводи ғизоӣ, сарулибос ва дигар ашёи зарурӣ таъмин карда шудаанд. 

Дар ҳамин ҳол, корбарони фаъоли сегменти тоҷикии шабакаи иҷтимоии Фейсбук

роҳу воситаҳои кумак ба осебдидагон

аз заминларзаи харобиовари рӯзи 7 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пешниҳод намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.