Ҳодисаи заминларзаи дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рухдода, ки сабаби ба вуҷуд омадани хисороти молӣ ва ҷонӣ дар як қатор ноҳияҳои вилояти Бадахшон гардид, тоҷикони Федератсияи Россияро низ бетараф нагузошт.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, аз он ҷумла, бо ташаббуси раиси Маркази Фарҳанги Тоҷикони Россия ва ҷамъияти «Тоҷикон»-и вилояти Твери Федератсияи Россия Муқим Майбалиев ба
суратҳисоби махсуси
барои зарардидагон кушодашуда маблағи муайяни пулӣ гузаронида шуд.
Гуфта мешавад, ҳамчунин, Маркази Фарҳанги Тоҷикони Россия ва ҷамъияти «Тоҷикон»-и вилояти Твери Федератсияи Россия тасмим гирифтаанд, ки дар деҳаи Рухчи ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшон ба ҷойи мактаби рақами 35, ки аз офати табиӣ зарар дидааст, мактаби нави замонавӣ бо тамоми таҷҳизоташ бунёд намоянд.
Ёдрас мекунем, ки санаи 28 август ба ифтихори ҷашни 24-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон раиси Маркази Фарҳанги Тоҷикони Россия ва ҷамъияти «Тоҷикон»-и вилояти Твери Федератсияи Россия Муқим Майбалиев бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонида шуд.



