Арчаи солинавӣ дар пойтахт охири моҳ қомат меафрозад



То охири моҳи декабр дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт арчаи солинавӣ бо баландии 25 метр қомат меафрозад.

Тавре як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Уайдулоев, арчаи солинавӣ бояд то санаи 30 декабр гузошта шавад. «То 16 декабр дақиқан маълум хоҳад шуд, ки арча бо чӣ асбобу лавозимоти орошӣ зебу зинат дода мешаваду ин кор ба зиммаи кӣ гузошта мешавад», – гуфт манбаъ.

Кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки ба ҳаҷми маблағи масрафмешуда аз буҷети шаҳр барои гузоштани арчаи солинавӣ дар пойтахт рӯшанӣ андозхта шавад, вале ҳеҷ касе аз мақомоти шаҳрдорӣ ин масъаларо шарҳ додан нахост.

Шоми 31-уми декабр дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе бо иштироки овозхонони маъруфи эстрадаи тоҷик чорабинии идона доир мегардад. Чорабинии идона соати 18:00 оғоз ва муддати 2 соат идома ёфта, бо фейерверки 5-дақиқаина анҷом мепазирад.

Соли гузашта арчаи солинавии 22-метраро рӯзи 27 декабр гузошта буданд. Ороиши он аз арчаҳои солинавии пешин бакуллӣ фарқ дошта, қуллаи (нӯг)-и онро тоҷи дурахшанда ҳамчун рамзи тоҷикон ва ситораҳо зебу оро медоданд. Ҳамчунин дар қуллаи арча монитори рушноидиҳандаи диодӣ насб шуда буд, ки онро табрики шаҳрвандон бо соли нав зинат бахшида буд.

Дар ҳамин ҳол мутобиқи қарори раиси пойтахт, соли равон дар остонаи фарорасии соли нави милодӣ дар тамоми бозорҳои шаҳр аз 21 то 31 декабр ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ ва маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум бо нархҳои дастрас доир мегарданд.

Рӯзҳои 29-30 декабр дар бинои Сирки пойтахт барои толибилмони аълохони макотиби таҳсилоти умумии пойтахт, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои Душанбе ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат намоишномаи идонаи солинавӣ барпо мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное