Ҳузури беш аз 600 тоҷикистонӣ дар низоъҳои мусаллаҳонаи кишварҳои дигар

Зимни вохӯрии имрӯза бо сокинони ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода изҳор намуд, ки маблағгузори асосии исёни мусаллаҳонаи собиқ вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода ҲНИТ буд ва ин ҳизб ин ҳодисаҳоро пурра роҳбарӣ карда буд. Вазир ҳамчунин қайд кард, ки мардум дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намуда, тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии […]

ASIA-Plus



Зимни вохӯрии имрӯза бо сокинони ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода изҳор намуд, ки маблағгузори асосии исёни мусаллаҳонаи собиқ вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода ҲНИТ буд ва ин ҳизб ин ҳодисаҳоро пурра роҳбарӣ карда буд.

Вазир ҳамчунин қайд кард, ки мардум дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намуда, тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтанд, ки ин ҳодисаҳо дар мӯҳлати 10-12 рӯз ба анҷом расида, гурӯҳҳои террористӣ безарар гардонида шуданд.

Вазири корҳои дохилӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва иштирок дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои Сурия ва Ироқ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки «мо кӯшиш карда истодаем, ки ин ҷавонони гумроҳро бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ баргардонем».

Ҳамчунин зикр гардид, ки айни замон дар низоъҳои мусаллаҳонаи дигар кишварҳо зиёда аз 600 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок доранд, ки аз инҳо 50 нафарашон бо ихтиёри худ баъди бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, ба ҳаёти осоишта машғуланд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.