Арчаи солинавӣ дар пойтахт охири моҳ қомат меафрозад

То охири моҳи декабр дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт арчаи солинавӣ бо баландии 25 метр қомат меафрозад. Тавре як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Уайдулоев, арчаи солинавӣ бояд то санаи 30 декабр гузошта шавад. «То 16 декабр дақиқан маълум хоҳад шуд, ки арча […]

ASIA-Plus



То охири моҳи декабр дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт арчаи солинавӣ бо баландии 25 метр қомат меафрозад.

Тавре як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Уайдулоев, арчаи солинавӣ бояд то санаи 30 декабр гузошта шавад. «То 16 декабр дақиқан маълум хоҳад шуд, ки арча бо чӣ асбобу лавозимоти орошӣ зебу зинат дода мешаваду ин кор ба зиммаи кӣ гузошта мешавад», – гуфт манбаъ.

Кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки ба ҳаҷми маблағи масрафмешуда аз буҷети шаҳр барои гузоштани арчаи солинавӣ дар пойтахт рӯшанӣ андозхта шавад, вале ҳеҷ касе аз мақомоти шаҳрдорӣ ин масъаларо шарҳ додан нахост.

Шоми 31-уми декабр дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе бо иштироки овозхонони маъруфи эстрадаи тоҷик чорабинии идона доир мегардад. Чорабинии идона соати 18:00 оғоз ва муддати 2 соат идома ёфта, бо фейерверки 5-дақиқаина анҷом мепазирад.

Соли гузашта арчаи солинавии 22-метраро рӯзи 27 декабр гузошта буданд. Ороиши он аз арчаҳои солинавии пешин бакуллӣ фарқ дошта, қуллаи (нӯг)-и онро тоҷи дурахшанда ҳамчун рамзи тоҷикон ва ситораҳо зебу оро медоданд. Ҳамчунин дар қуллаи арча монитори рушноидиҳандаи диодӣ насб шуда буд, ки онро табрики шаҳрвандон бо соли нав зинат бахшида буд.

Дар ҳамин ҳол мутобиқи қарори раиси пойтахт, соли равон дар остонаи фарорасии соли нави милодӣ дар тамоми бозорҳои шаҳр аз 21 то 31 декабр ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ ва маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум бо нархҳои дастрас доир мегарданд.

Рӯзҳои 29-30 декабр дар бинои Сирки пойтахт барои толибилмони аълохони макотиби таҳсилоти умумии пойтахт, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои Душанбе ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат намоишномаи идонаи солинавӣ барпо мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.