Хатлон: Боздошти нашъаҷаллоби қаблан се дафъа барои ин амал маҳкумшуда



Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”-ро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робиоа бо ҷомеаи Агентӣ, аз мусофири автомашина – сокини шаҳри Қӯрғонтеппа як халтаи полиэтиленӣ бо беш аз 28 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусоидра шудааст.

Гуфта мешавад, тафтишоти пешакӣ муайян намудааст, ки дастгиршуда шаҳрванди 46-сола қаблан барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар се маротиба суд шуда, аммо барои худ хулосаи зарурӣ набаровард ва маротибаи чорум барои интқоли маводи нашъаовар дастгир гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, дастгиршуда ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное